Тоҷикистон кишвари аз нигоҳи иҷтимоӣ бештар рушднаёфтаи минтақаи ОМ арзёбӣ шуд

Дар Индекси рушди иҷтимоии соли 2015 ( Social Progress Index 2015 ), ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии Social Progress Imperative-и ИМА ба нашр расид, Тоҷикистон мақоми 96-умро ишғол мекунад. Индекс рейтинги 133 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва экологиро фаро гирифта, сатҳи рушди 99%-и аҳолии ҷаҳонро бар асоси 52 нишондиҳандаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Индекси рушди иҷтимоии соли 2015 (


Social Progress Index 2015


), ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии Social Progress Imperative-и ИМА ба нашр расид, Тоҷикистон мақоми 96-умро ишғол мекунад.

Индекс рейтинги 133 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва экологиро фаро гирифта, сатҳи рушди 99%-и аҳолии ҷаҳонро бар асоси 52 нишондиҳандаи алоҳидаи муҳимтар барои ҷомеа арзёбӣ мекунад.

Дар ин Индекс Тоҷикистон бо нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти охилӣ (ММД)-и беш аз 2,4 ҳазор доллари ИМА ба ҳар сари аҳолӣ миёни Эрон (зинаи 95-ум) ва Сенегал (97-ум) ҷойгир шудааст.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо нишондиҳандаи ММД-и 22,4 ҳазор доллари ИМА ба ҳар сари аҳолӣ зинаи 83-юм (1-ум дар минтақа), Ӯзбекистон ( 5 ҳазор $) зинаи 90-ум ва Қирғизистон (беш аз 3,1 ҳазор $) зинаи 93-юмро касб кардаанд. Туркманистон дар рейтинг зикр нашудааст. Русия бо нишондиҳандаи МДД-и 23,5 ҳазор $ мақоми 71-умро ишғол намудааст.

Норвегия (62 ҳазору 448 $ ба ҳар сари аҳолӣ), Шветсия, Швейтсария, Исландия ва Зеландияи Нав (32 ҳазору 808 $) дар зинаҳои аввали Индекс ҷойгиранд. Нишондиҳандаи ММД-и ИМА ба ҳар сари аҳолӣ 51 ҳазору 340 $ ва Канада 41 ҳазору 894 $ нишон дода шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.