Суғд: Пули нав қаламрави наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро мепайвандад

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохтмони пули нави дарозиаш 28 метру бараш 2 метр дар арафаи анҷомёбист, ки ду деҳаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад. Аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бунёди купрӯк бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва Кумитаи марказии […]

Мавлуда Рофиева



Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохтмони пули нави дарозиаш 28 метру бараш 2 метр дар арафаи анҷомёбист, ки ду деҳаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад.

Аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бунёди купрӯк бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳукуматдорони маҳаллӣ амалӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони пул дар доираи лоиҳаи «Дастгирии сохторҳои ниҳодӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои ҳадафноки Осиёи Марказӣ» сурат  гирифта, деҳаи Қӯрғончаи Тоҷикистонро ба яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон бо ҳам мепайвандад.

«Бунёди пул дар доираи ёддошти баимзорасида миёни Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон анҷом дода шуда, барои сохтмони он беш аз 50 ҳазор евро маблағ ҷудо шудааст», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.