Дар Индекси рушди иҷтимоии соли 2015 (
Social Progress Index 2015
), ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии Social Progress Imperative-и ИМА ба нашр расид, Тоҷикистон мақоми 96-умро ишғол мекунад.
Индекс рейтинги 133 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва экологиро фаро гирифта, сатҳи рушди 99%-и аҳолии ҷаҳонро бар асоси 52 нишондиҳандаи алоҳидаи муҳимтар барои ҷомеа арзёбӣ мекунад.
Дар ин Индекс Тоҷикистон бо нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти охилӣ (ММД)-и беш аз 2,4 ҳазор доллари ИМА ба ҳар сари аҳолӣ миёни Эрон (зинаи 95-ум) ва Сенегал (97-ум) ҷойгир шудааст.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо нишондиҳандаи ММД-и 22,4 ҳазор доллари ИМА ба ҳар сари аҳолӣ зинаи 83-юм (1-ум дар минтақа), Ӯзбекистон ( 5 ҳазор $) зинаи 90-ум ва Қирғизистон (беш аз 3,1 ҳазор $) зинаи 93-юмро касб кардаанд. Туркманистон дар рейтинг зикр нашудааст. Русия бо нишондиҳандаи МДД-и 23,5 ҳазор $ мақоми 71-умро ишғол намудааст.
Норвегия (62 ҳазору 448 $ ба ҳар сари аҳолӣ), Шветсия, Швейтсария, Исландия ва Зеландияи Нав (32 ҳазору 808 $) дар зинаҳои аввали Индекс ҷойгиранд. Нишондиҳандаи ММД-и ИМА ба ҳар сари аҳолӣ 51 ҳазору 340 $ ва Канада 41 ҳазору 894 $ нишон дода шудааст.


