Зайд Саидов исботи ҳадди ақал як гуноҳашро талаб дорад

Date:



Имрӯзҳо дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ оид ба баррасии «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидов ҷараён дорад ва дар мурофиаи навбатӣ соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов аз айбдоркунандаи давлатӣ дархост намуд, ки гуноҳи ӯро ҳадди ақал аз рӯйи як айбномаҳои пешниҳодшуда исбот кунанд.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, Саидов ин ҳарфҳоро рӯзи 9 апрел дар мурофиаи додгоҳияш, ки баъд аз чанд муддати танаффус аз сӯи Додгоҳи олӣ аз сар гирифта шуд, баён доштааст. Ӯ гуфтааст, “тамоми иттиҳомоте, ки алайҳи ман эълон кардаанд, бофтаву афсона буда, тӯҳмате беш нестанд”.

Мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Савриддин Тошев баргузор шудааст, ки судяи қаблии Мирзо Каримови ба нафақа баромадаро иваз намудааст. Аз ин пештар баррасии парвандаи нави Зайд Саидовро судя Алмомиш Акбаров бар уҳда дошт, ки баъдан  гӯё ба иллати беморӣ аз мурофиа барканор карда шуд.

Мурофиаи нахуст оид ба баррасии парвандаи нави «иқтисодӣ»-и Зайд Саидов рӯзи

12 феврали соли равон

пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ ҶТ оғоз гардида буд. Он замон судя Алпомиш Акбаров изҳор намуда буд, ки мурофи кушода аст, вале дар робита ба тангу мувофиқ набудани толор, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он иштирок карда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз санаи 6-уми феврал соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда, 


шарт гузошт

,

 ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад. «Дар муроҷиатномаи худ Зайд Саидов изҳор кард, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи «иқтисодӣ»-и ӯ бояд таври кушода дар толори суд гузаронида шавад», – иброз дошт адвокат Исҳоқ Табаров.

Адвокат қайд кард, ки дар муроҷиатномааш Зайд Саидов зикр мекунад, ки парвандаи пешини ӯ таҳти муҳри махфӣ қарор дошт. «Парвандаи ҳозира бошад, иқтисодӣ аст ва ӯ тақозо дорад, ки зимни баррасии он ҳуқуқҳояш ва ҳамчунин ҳуқуқҳои шахсоне, ки бояд дар толори суд ҳузур дошта бошанд ва намояндагони ВАО поймол карда нашаванд», – таъкид дошт ӯ.

Ин парванда аз 75 ҷилд иборат буда, мутобиқи моддаҳои 245 ((Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда), 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...