Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои ИДМ дар Маскав

ASIA-Plus

Санаи 15-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  дар ин робита ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Анвар Бобоев дар ҷаласаи мазкур иштирок менамояд. Ба иттилои манбаъ, дар ин  […]



Санаи 15-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  дар ин робита ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Анвар Бобоев дар ҷаласаи мазкур иштирок менамояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин  ҷаласа  мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он муҳокима ва баррасӣ карда мешаванд аз ҷумла, доир ба омодагии татбиқи созишномаҳои дуҷониба оид ба принсипҳо ва механизми умумӣ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави аъзои давлатҳои ИДМ, дар бораи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки пеш аз сафар ба давлати қабулкунандаи муҳоҷират сафар мекунанд.

Инчунин ба гуфтаи Абдулло Қодирӣ, дар ҷаласа атрофи масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, эҳтироми қонунгузорӣ, забон ва фарҳанги кишвари иқомат, роҳу воситаҳои ташаккули муносибати ягона барои рушди усулҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар давлатҳои ИДМ ва баҳисобгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва натиҷаҳои машваратҳои коршиносон оид ба лоиҳаи созишнома доир ба мавқеъҳои муштарак ба ҳамгироии муҳоҷирати дарозмуддат аз кишварҳои аъзои ИДМ табодули назар сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.