Афзоиши ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар семоҳаи аввал то 5,3% поин рафт

Пайрав Чоршанбиев

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 8 млрд. 310 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,4 млрд. $)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % (аз 7 то 5,3%) камтар аст. Бино ба маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар […]



Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 8 млрд. 310 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,4 млрд. $)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % (аз 7 то 5,3%) камтар аст.

Бино ба маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 24%-ро савдо, таъмири автомобилҳо асбобҳои маишӣ ва лавзимоти гигиенаи шахсӣ ишғол мекунад. Ҳиссаи андозҳо – 15%, саноат бо шумули энергетика – 14%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 13,9% ва сохтмон – 8%-ро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли равон дар ҳаҷми 47 млрд. сомонӣ бо сатҳи афзоиши 7,6% пешбинӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ поинравии афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)


бар ин назаранд,


ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Коршиносони БҶ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.

Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР)


чунин мешуморанд,


ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.

«Бинобар сабаби надоштани имкони дастёбӣ ба роҳҳои баҳрӣ, маҳдудияти заминҳои кишт ва ҳамчунин заминаи нокофии истеҳсолӣ, Тоҷикистон аз таъсири омилҳои беруна осебпазир аст. Соли 2014 рушди иқтисод аз 7,4% то ба 6,7% поин рафта, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ва содироти алюминий ва нахи пахта коҳиш ёфтанд», – таъкид мешавад дар гузориши иқтисодии солонаи БОР.

Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис


изҳор намуд,


ки БАТР коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2014 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 45,6 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2013 ба миқдори 6,7% афзуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.