Афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев

Семоҳаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 415 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 16,7% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти […]



Семоҳаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 415 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 16,7% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ (бо шумули нӯшокиҳо), коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, дигар маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим семоҳаи аввали соли 2015 дар 49 номгӯи он (54,4%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 26 номгӯй (28,9%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 15 номгӯи (16,7%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 812 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, семоаҳаи аввали соли ҷорӣ 408 корхона фаъолият надоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.