Авлавият ба шаҳрвандони синни аз 35-сола болои Тоҷикистон ба сафари ҳаҷ

Мавзуна Абдуллоева

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон дигари ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд. Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли […]



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон дигари ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.

Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ пеш гирифта мешавад.

«Азбаски тайи чанд сол аст, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро  ихтисор намудааст, ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидаасту тавон ва орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд», – зикр мегардад дар ин робита дар торнамои расмии Кумита.

Ба гуфтаи манбаъ, вазорату идораҳои дахлдори кишвар талош варзидаанд, ки Арабистони Саудӣ имосл шумори квотаҳо барои Тоҷикистон ҷиҳати ади маросими ҳаҷро то 8 ҳазор нафар зиёд намояд, лекин ин шумор тағйир наёфта, имсол ҳам 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданд. Нархи адои маросими ҳаҷ дар соли равон 3 ҳазору 600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.