Даромади Буҷети давлатӣ коҳиш ёфтаву хароҷот зиёд мешавад

Пайрав Чоршанбиев

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи ававли соли ҷорӣ 2 млрд. 814,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 95,6% аз нақшаи тасҳеҳшуда баробар аст. Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 1 млрд. 907 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба миқдори 5% […]



Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи ававли соли ҷорӣ 2 млрд. 814,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 95,6% аз нақшаи тасҳеҳшуда баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 1 млрд. 907 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба миқдори 5% аз нишондиҳандаи пешбинишуда камтар аст.

Аз ҷумла, дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маблағҳо аз пардохти андоз 1 млрд. 521,1 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин  ба миқдори 26,7 млн. сомонӣ (1,7%) коҳиш ёфтааст. Дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет ҳиссаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андозҳо давоми моҳҳои январ-феврал 79,8%-ро ташкил додаанд.

Воридоти маблағҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет дар зарфи ду моҳ 10,7% (204,7 млн. сомонӣ)-ро ташкил дода, нисбат ба давраи моҳҳои январ-феврали соли 2014 ба миқдори 82,8 млн. сомонӣ афзудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон ҳаҷми хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон 1 млрд. 764,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 346,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.