Дастаи футболи «Энергетик» ба «Барқи тоҷик» табдили ном кард

ASIA-Plus

Масъалаи маблағгузорӣ ба фаъолияти дастаи футболи «Энергетик»-и Душанбе қабл аз даври якуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат мусбат ҳаллу фасл шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Энергетик» даҳумин дастаи иштирокчии мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар шуда, ба «Барқи тоҷик» табдили ном кард. «Дар робита ба зиёд шудани шумори дастаҳои иштирокчии Лигаи олии […]



Масъалаи маблағгузорӣ ба фаъолияти дастаи футболи «Энергетик»-и Душанбе қабл аз даври якуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат мусбат ҳаллу фасл шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Энергетик» даҳумин дастаи иштирокчии мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар шуда, ба «Барқи тоҷик» табдили ном кард.

«Дар робита ба зиёд шудани шумори дастаҳои иштирокчии Лигаи олии футбол то 10 адад ва назардошти вазъи молиявии дастаҳо, Лигаи миллии футбол тасмим гирифт, ки тақвими бозиҳоро тағйир бидиҳад ва акнун мусобиқа на дар се давр, балки дар ду давр доир гардида, дар мавсими соли 2015 дастаҳои Лигаи олӣ дар маҷмӯъ 18 вохӯрӣ мегузаронанд», – таъкид мешавад дар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.