Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД дар минтақаи Рашт

ASIA-Plus

Дар доираи сафари кории вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба минтақаи Рашт бо иштироки ӯ Маркази иттилоотӣ-таҳлилии РВКД дар ин минтақа ва ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни боздид аз Маркази навтаъсис Рамазон Раҳимзода аз шароитҳои муҳаёгардида, аз қабили утоқҳои корӣ, таҷҳизоти техникӣ, мизу курсӣ, воситаҳои алоқа, ҷевонҳо […]



Дар доираи сафари кории вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба минтақаи Рашт бо иштироки ӯ Маркази иттилоотӣ-таҳлилии РВКД дар ин минтақа ва ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни боздид аз Маркази навтаъсис Рамазон Раҳимзода аз шароитҳои муҳаёгардида, аз қабили утоқҳои корӣ, таҷҳизоти техникӣ, мизу курсӣ, воситаҳои алоқа, ҷевонҳо барои ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва дигар лавозимотҳои зарурӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Сипас дар саҳни бинои Маркази мазкур вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт сӯҳбат намуда, онҳоро барои софдилона ва содиқона иҷро намудани дастуру супоришҳо ва хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ҳидоят кард.

Баъд бо иштироки Рамазон Раҳимзода дар Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД минтақа ва ноҳияи Рашт барои ҳайати шахсӣ ҳаммоми ҳозиразамони муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ва майдончаи варзишӣ мутобиқ ба талаботҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сӯҳбат бо ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт изҳор дошт, ки баҳри мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташшакилу фаромиллӣ кормандони милитсия бо дарки баланди масъулиятшиносӣ бояд аз иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта, бо сарбаландӣ бароянд.

Сафари хизматии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Рашт ва минтақа имрӯз идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.