Назарҳо дар мавриди манъи сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони синни то 35-сола

МавзунаАбдуллоева

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон дигари ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд. Гуфта мешавад, ин иқдом ба хотири додани имконият ва имтиёзи бештар барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ пеш гирифта мешавад. Дар […]



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон дигари

ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом ба хотири додани имконият ва имтиёзи бештар барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ пеш гирифта мешавад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» омӯзгори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Шариф Муллоев дар ин робита изҳор намуд, ки боздид аз макони муқаддаси Ислом орзуи ҳар як мусалмони ҳақиқӣ аст, вале ҳама гуна манъкунӣ ду паҳлӯ дорад.

«Аз як тараф маҳдуд кардани сафари синнусоли зойирин ба Макка иқдоми дуруст ба назар мерасад, чунки бо итминон метавонам бигӯям, ки на ҳама афроди нисбатан ҷавон ба ҳаҷравӣ омодаву аз нигоҳи балоғат ҷавобгӯянд. Аз тарафи дигар бошад, тибқи қавонини шариат, ҳама гуна мусалмони аз лиҳози моддӣ таъмин ба адо кардани маросими ҳаҷ ҳуқуқ дорад», – иброз дошт омӯзгор.

Сокини шаҳри Душанбе Сироҷ Шарифов бар ин назар аст, ки ҳаҷ як фаризаи илоҳӣ аст барои мусулмон, барои мусулмоне, ки ба синни балоғат расида бошад ва қудрати анҷом додани сафари ҳаҷро дошта бошад, аммо ин тасмим, ки ба хотири бузургсолон рафтани ҷавонони то 35-сола ба ҳаҷ мамнӯъ мешавад, хато ва ғайримантиқист. «Шояд ба хотири ошно нашудани ҷавонон бо маносики ҳаҷ ва дӯстӣ накардан бо мусулмонони дигар роҳандозӣ шуда бошад, аммо ин беэҳтиромӣ ба қавонинест, ки дар шариати исломӣ роиҷ аст. Ба  ҷои он, ки аз кишвари мизбони ҳаҷ квотаи бештар пурсида шавад, ба ҷойи он, ки роҳҳои дигар, ба монанди гирифтани квотаи ҳаҷҷи кишварҳое ки зиёд мемонад, рафтани то 35-сола мамнӯъ мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки «ин  ҳамчун тор задан ба асаби мусулмонони кишвар қабул мешавад, пас аз манъи то 18-сола ба масҷид ва мамнӯъияти пӯшидани ҳиҷоби исломӣ, мутаассифона, ин ҳама боис мешавад, ки дар тасаввури ҷавонон бадбинӣ ба ҳукумат бештар шавад». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.