Пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон

ASIA-Plus

Дар шаҳри Душанбе санаҳои 11-12 апрел мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон доир гардид, ки дар он паҳлавонҳои номии ҷумҳурӣ аз рӯи ҳафт вазн миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин мусобиқа варзишгари номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар даври ниҳоии рақобатҳо дар вазни то 90 кило Фарҳод Сафаралиевро мағлуб намуда, […]



Дар шаҳри Душанбе санаҳои 11-12 апрел мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон доир гардид, ки дар он паҳлавонҳои номии ҷумҳурӣ аз рӯи ҳафт вазн миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин мусобиқа варзишгари номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар даври ниҳоии рақобатҳо дар вазни то 90 кило Фарҳод Сафаралиевро мағлуб намуда, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуфта мешавад, ғолибони мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои ҷаҳониву байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард ва вазифаи аслии паҳлавонон ба даст овардани роҳхатҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки чанде қабл, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ доир шуда буд, ки дар он низ ҷойи авввал ва шоҳҷоизаи мусобиқот – мошини сабукрави тамғаи Hynday насиби паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.