Шиносоии муовини нахуствазир бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии Кӯлоб

Пайрав Чоршанбиев

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари дурӯзаи корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ин минтақа аз наздик ошно гардид. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҷумла Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ, комбинати […]



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари дурӯзаи корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ин минтақа аз наздик ошно гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҷумла Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ, комбинати шири шаҳри Кӯлоб, корхонаи коркарди сабзавоту мева ва корхонаи паррандапарварии ноҳияи Муъминобод, корхонаи нассоҷии «Адолат» ва комбинати консерви ноҳияи Фархор ва ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмони ноҳияи Ҳамадонӣ шинос шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натиҷаҳои сафар Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раисони шаҳру навоҳии минтақа, соҳибкорони маҳаллӣ, иқтисодчиён ва намояндагони корхонаҳои зертобеъи вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар ин минтақа машварати корӣ баргузор намуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар машварат аз фаъолияти комплекси саноатӣ ва аграрии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қисман натиҷагирӣ шуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда дастуру вазифаҳои мушаххас дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.