Газетаи «Вечерний Душанбе»-ро ба маҳкама кашиданд

Мавзуна Абдуллоева

Муовини аввали директори корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов аз болои газетаи «ВечернийДушанбе» ба суд даъво бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ талаб кардааст. Директори генералии газета, раиси Иттиҳои журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Давлатов ба матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар […]



Муовини аввали директори корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов аз болои газетаи «ВечернийДушанбе» ба суд даъво бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ талаб кардааст.

Директори генералии газета, раиси Иттиҳои журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Давлатов ба матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар нашрия эрод гирифта, изҳор намудааст, ки ӯ дар ин мавод мавриди таҳқир қарор гирифта, баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад ва касалии қандаш авҷ гирифтааст.

«Дар ин матлаб аз зиёд шудани шумори автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шуда, аз номи Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанбе зикр шудаааст. Дар мавод қайд мешавад, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, андеша накардааст, ки ин амволи шахсии ӯ несту моликияти давлат аст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзуда, аммо ӯро ба ҷои ба ҷавобгарӣ кашидан, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд», – иброз дошт А.Сатторов.

Ба қавли муассиси газета, рӯзи 14 апрел онҳо аз суди ноҳияи Синои пойтахт нусхаи даъворо дастрас намудаанд, ки дар он Ҷумъахон Давлатов аз идораи нашрия 100 ҳазор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ тақозо намудааст.

«Ман ба сифати ҷавобгар дар мурофиа иштирок мекунам, зеро директори генералии нашрия ҳастам. Маталабро мо бар асоси далелҳо навиштем ва дар сурати зарурат ин далелҳоро ба суд пешниҳод мекунем. Сипас бигзор худи суд қазоват кунад», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.