Воридоти беш аз 31,6 млн. $ аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ дар семоҳаи аввал

ASIA-Plus

Семоҳаи якуми соли 2015 73 ҳазору 685 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки 63 ҳазору  320 нафарашон ҳамчун сайёҳ (турист) азми сафар кардаанд. Тавре Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ин робита хабар дод, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 63 ҳазору  320 сайёҳи […]



Семоҳаи якуми соли 2015 73 ҳазору 685 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки 63 ҳазору  320 нафарашон ҳамчун сайёҳ (турист) азми сафар кардаанд.

Тавре Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ин робита хабар дод, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 63 ҳазору  320 сайёҳи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 31 млн. 660 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар семоҳаи аввали соли 2014 ин нишондод 27 ҳазору 207 сайёҳи хориҷиро ташкил медод, ки аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат 13 млн. 603 ҳазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гардида буд.

«Таҳлилҳо нишон дод, ки шумораи сайёҳон дар семоҳаи аввали соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  36 ҳазору  113 нафар зиёд мебошад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ