Дархости иҷозати баргузории гирдиҳамоӣ назди сафорати Олмон аз раиси пойтахт

Date:



Ҳудуди 200 нафар сокинони пойтахт зери муроҷиатнома ба унвони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дархости баргузории гирдиҳамойӣ назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе аз соати 08-00 то 11-00 рӯзи 17 апрел имзо гузоштаанд. Ин муроҷиатнома дар сомонаи

ҳафтавори «Фараж»

чоп шудааст.

Дар муроҷиатномаи сокинони пойтахт зикр мегардад, ки ҳадаф аз баргузории гирдиҳамойӣ расонидани эътироз ба воситаи сафири Олмон дар Душанбе ҷаноби Ҳолгер Гренба Ҳукумати Олмон аст.

Дар муроҷиатнома хотиррасон мешавад, ки рӯзи чоршанбе, 15 апрел онҳо назди сафорати Олмон дар Душанбе бо талаботи зерин ба сафири Олмон Холгер Грэн гирдиҳамойӣ барпо намуда буданд:

1.Барои ба гурӯҳҳои экстремистии «Гурӯҳи – 24» (Шарофиддин Гадоев), «Ватандор» (Додоҷон Атовуллоев) «Тоҷикистони нав», ва дигарон, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин иҷозатдоданд, ки гирдиҳамоӣ барпо намоянд, узр пурсиданро аз мардуми Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Олмон талаб менамоем.

2. Талаб менамоем, ки ҷинояткорони расман дар кофтукови байналмиллалӣ ба воситаи Интерпол қарор доранд ва Тоҷикистону Олмон аъзои комилҳуқуқӣ он мебошад дастгир карда шаванд ва бо роҳҳои дипломатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шаванд.

3. Зарари моддӣ ва маънавие,ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст аз ҷониби чинояткорони дар кофтукови байналмиллалӣ қарордошта «Гурӯҳӣ-24», ки айни замон дар Олмон паноҳ бурда истодаанд,талаб менамоем, ки пурра барқарор карда шаванд.

4. Талаб менамоем, ки барои пурра ва ҳаматарафа огоҳӣ доштани мақомоти қудратии кишвари Олмон аз кирдорҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои экстремистӣ, ки якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шомили ин гурӯҳҳо мебошанд ва айни замон аъзоёни алоҳидаи он дар Олмон паноҳ бурда истодаанд бо мақомоти қудратии Тоҷикистон тибқи талаботи санаду меъёрҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистону Олмон онҳоро эътироф намудаанд, дар оянда.

Дар зер матни комили муроҷатномаро манзуратон мегардонем:

«Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич

Вазъияти ба амаломада дар Шарқи наздик, махсусан Сирия, Ироқ ва Афғонистон, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбероба ташвиш овардааст.

Бо истифода аз воситаҳои ахбори омма дида истодаем, ки ҳизбу ҳаракатҳоитеррористиву экстремистӣ ва саркардагони онҳо дар қаламрави давлатҳои дар боло зикргардидаинчунин давлатҳои Европа даст бо содир кардани ҷиноятҳои гушношунид (сар буридан, зинда ба зинда оташ задани одамон, куштори мусалмонону ғайримусалмон ва ғайра) саросари ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд.

Хуни ноҳақ рехтан, иғво ангехтан, ва ба харобазор табдил додани шаҳрҳо дар давлатҳои Сурия ва Ироқ пешаи ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» гаштааст.Ба ҳамагон маълум аст, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии Давлати исломии ба ном Ироқу Шом дар қатори шаҳрвандони дигар давлатҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шомил мебошанд.

Саркардагони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз қабили Додоҷон Атовуллоев,Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳамроҳонашон, ки бароидар қаламрави Тоҷикистон содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар кофтуковӣ расмӣ қарор доранд, аз ҷониби давлати тараққикардаи дунё Олмон дастгирӣ ёфта истодаанд.

Агар давлати тараққикардаи дунё чун Олмон ҷинояткорони дар кофтукови расмӣба воситаи Интерпол қарордоштаро имконият диҳанд, ки дар қаламрави давлаташон озодона гашту гузор ва даст ба гирдиҳамоӣ зананд пас дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткоре,ки имрӯзҳохудро чун «Давлати исломӣ» эълон кардаву даст ба куштору ғоратгарӣ зада истодаанд чӣ гуфтан мумкин аст?

ШаҳрвандониТоҷикистон, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дар ҳаёти худ як маротиба талхии ҷангу хунрезӣ вагуруснагиву бесаробон монданро чашидаанд ва мардуми тоҷик нағз медонад,ки терроризму экстремизм чист? Дигар намехоҳем, ки ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик бори дигар онрӯзҳои мудҳиши солҳои 1992- ум баргардад».

Дар поён имзои шахсони зерини пойтахт оварда шудааст:

1. Исматов Нурулло Шарипович, соли таваллуд1974, зода ва сокинишаҳри Душанбе, кучаи Фирдавси, бинои 5/13, ҳуҷраи 45.

2. Каримов Наврӯз Исматович, 1986 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Нахимова, бинои 64/1, ҳуҷраи 23.

3. Ҷамолов Ҳубайб Назарович, 1977 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Рудакӣ, бинои 36, ҳуҷраи 26.

4. Ибодова Шарофат Раҳимовна, 1964 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Борбад, бинои 13/2, ҳ-14.

5. Самиева Шаҳноза Каримовна, 1972 с\т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев, бинои 67, х-20.

6. Қурбонова Мақсуда Аъзамовна, 1971с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Махсум, бинои 74.

7.Гадоева Зарина 1969 с/т, ист.ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев , б-18/9, х-30.

Гуфта мешавад, зери ин муроҷиатнома 200 нафар имзо гузоштаанд, аммо ному насбахои дигар зикр наёфтаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...