Боздошти фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ

Пайрав Чоршанбиев

Аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон боздошта шуд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо дастури БМТ аз 16 апрели соли равон, бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти […]



Аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон боздошта шуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо дастури БМТ аз 16 апрели соли равон, бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.

Гуфта мешавад, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Тибқи маълумоти БМТ, ба санаи 1 апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 1 ҳазору 581 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолият доштанд, ки 818 адади он ба шахсони воқеӣ (хусусӣ) ва 763 адади он ба ташкилотҳои гуногуни қарзӣ тааллуқ доштанд.

Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки собиқ кормнадони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузашта, минбаъд кори худро идома диҳанд. Дар БМТ бар ин назаранд, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ назорати кори нуқтаҳои мубодилаи асъор осонтар хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки БМТ 

маълумот дода буд

, ки бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба 

фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима бахшида,

 минбаъдворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.