Гирдиҳамойии назди сафорати Олмон дар Душанбе доир мегардад?

Мавзуна Абдуллоева

Намоиши эътирозие, ки баргузории он имрӯз назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, ба эҳтимоли зиёд баргузор намешавад. Хабарнигори «Азия-Плюс» чанде қабл аз қаламрави назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон боздид намуда, итминон ҳосил намуд, ки издиҳоми мардум ё омодагӣ ба баргузории гирдиҳамойӣ дар он ҷо ба мушоҳида намерасад. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, […]



Намоиши эътирозие, ки баргузории он имрӯз назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, ба эҳтимоли зиёд баргузор намешавад.

Хабарнигори «Азия-Плюс» чанде қабл аз қаламрави назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон боздид намуда, итминон ҳосил намуд, ки издиҳоми мардум ё омодагӣ ба баргузории гирдиҳамойӣ дар он ҷо ба мушоҳида намерасад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳудуди 200 нафар сокинони пойтахт зери муроҷиатнома ба унвони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо

дархости баргузории гирдиҳамойӣ

назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе аз соати 08-00 то 11-00 рӯзи 17 апрел имзо гузоштаанд. Ин муроҷиатнома дар сомонаи

 ҳафтавори «Фараж»

 чоп шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 апрел дар назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе намоиши эътирозии бидуни иҷозат баргузор шуд. Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи имрӯза назди намояндагии дипломатиро

расман шарҳ дод.


Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд шуда буд, ки субҳи рӯзи 15-апрел назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе 

тақрибан 15-20 нафар

 гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд. Ҳамчнуин дар видеохостинги YouTube

навори видеойии гирдиҳамойӣ

назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.