Интихоби раисони Суғду ВМКБ ба ҳайси муовинони раиси Маҷлиси миллӣ

ASIA-Plus

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки  имрӯз бо иштироки президенти малакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини якум ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб карда шуданд. Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ин иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи […]



Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки  имрӯз бо иштироки президенти малакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини якум ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб карда шуданд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ин иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи чорум пайдарпай раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ

интихоб шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз нақши боризи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ дар таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузории Тоҷикистон изҳор намуд, ки фаъолият дар ин мақоми олии давлатдорӣ аз ҳар як узви он масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро талаб мекунад.

Президенти таъкид кард, ки ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими амнияту субот, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҳамаи минтақаҳои он аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.

Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки аксаран роҳбарони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, ҳамчунин ба пешгирӣ аз гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ҷалб карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки барои бартараф намудани ин ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, ки ба кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо, таҳдиди ҷиддӣ доранд, бояд нерӯи тамоми аъзои солимфикри ҷомеа сафарбар карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.