Оғози тренинги ИА оид ба истифода ва қабули қарор бар асоси маълумоти исботшуда

Иттилоияи расмӣ

Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ карда мешавад, омӯзиши тренерон дар мавзӯи «Сифати маълумот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда» барои 20 мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оғоз гардид. Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, мустаҳкамкунии […]



Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ карда мешавад, омӯзиши тренерон дар мавзӯи «Сифати маълумот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда» барои 20 мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оғоз гардид.

Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, мустаҳкамкунии системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи он аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИАҶТ), Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ ҳадафи асосии лоиҳа мебошад.

Системаи DHIS2 барои ворид, таҳлил ва тартиб додани ҳисоботҳо пурра мувофиқа карда шудааст. Он аз санҷиш гузашта аз 1 январи соли 2015 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар реҷаи онлайн ба роҳ монда шудааст. Ҳисоботҳои омории тандурустии соли 2014 бо истифодаи системаи иттиллоотии DHIS2 пурра баррасӣ карда шудаанд.

“Ҳадафи асосии системаи иттиллоотии ИСУЗ ин баррасӣ кардани маълумоти дақиқу саҳеҳ ва дар асоси ин маълумоти исботшуда баровардани қарорҳои зарурии дахолатҳои системаи тандурустӣ мебошад. Мо истифодабарии маълумотро яке аз масъалаҳои асосии кори бомуваффақияти системаи ИСУЗ меҳисобем.

Тренинги омӯзишии 5-рӯза барои тренерон дар мавзӯи «Сифати маълумот, истифодабарӣ ва баровардани қарорҳои асосноки исботшуда» бо кӯмаки шарикони лоиҳа ташкилоти HISP Ҳиндустон ташкил карда шуд. Дар тренинг мутахассисони ВТҲИАҶТ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиббии ҶТ иштирок намуданд.

Иштироки намояндагони донишкадаву донишгоҳҳо барои интегратсияи барномаи тренинг бо барномаҳои таҳсилӣ муосидат менамояд. То охири соли 2015 мо ба нақша гирифтем, ки зиёда аз 200 роҳбарон ва шахсони масъули қарорбарор дар мавзӯи сифати маълумот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда, омӯзонем» -гуфт роҳбари лоиҳа хонум Елена Максименко.

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо буҷаи 3,4 миллион евро, системаи электронии ҳисоботиро дар сатҳи миллӣ татбиқ гардонида истодааст.

Лоиҳа дар якҷоягӣ бо консорсиуми ширкатҳои EPOS Health Management (Олмон), ICON-Institute Public Sector (Олмон) бо иштироки Донишгоҳи шаҳри Осло (Норвегия) ва ширкати IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ мегардад. Лоиҳа то моҳи маи соли 2016 татбиқ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.