Президент бо вазъ дар ноҳияҳои Темурмалику Данғара шинос мешавад

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон дар марзи маъмурии ноҳияи Темурмалик оғоз ёфт.

Сари роҳ ба боғи нави Дӯстӣ, ки ба тариқи ҳашари умумӣ дар майдони 8 га замин бунёд ёфтааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ниҳолҳои беҳтарин навъҳои содиротии зардолу, олу, олуболу, гелос, бодом, панҷ навъ себ ва чормағз шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир дар ноҳияи Темурмалик майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли равон дар 126 га боғҳои нав бунёд ёфтааст.

Дар як гӯшаи боғ ҳамчунин 40 оилаи замбури асал ҷойгир шудааст, ки барои гардолудкунии гулҳои боғ мусоидат мекунанд ва ҳам манбаи иловагии даромад аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки имконоти ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла афзоиш додани истеҳсоли меваҳои содиротӣ ва ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле зиёд аст ва ин имконот бояд пурсамар истифода шаванд.

Бо пешниҳод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамин ҷо як чойхонаи сарироҳӣ ҳам бунёд ёбад, зеро мавзеи барои боғ интихобшуда хеле зебою дилнишин аст.

Дар сари роҳи ин мавзеъ ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои бахши чорводорӣ ва техникаи кишоварзии ноҳияи Темурмалик ороста шуда буд. Чунонки зикр гардид, ноҳияи Темурмалик дар таъмини талаботи бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти чорво, аз ҷумла гӯшту шир ва пашму пӯст ва ҳам ғалладона, меваю сабзавот ва асали табиӣ нақши намоён дорад.

Чунонки аён гардид, чорводорони ноҳия солҳои охир ба хушзоткунии чорво таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд ва саршумори чорвои хушзоти сермаҳсул сол аз сол афзун мегардад.

Чунонки иттилоъ доданд, маркази идораи лоиҳаи инвеститсионии рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ва дигар сохторҳои давлатию соҳибкорӣ дар дастрас кардани техникаи нави кишоварзӣ саҳми намоён мегузоранд.

Дар деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи пули 108-метраи мошингузар ҳамзамон роҳи навсозишудаи Данғара-Кангуртро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, роҳи мошингарди Данғара-Кангурт, ки масофааш 27 километр аст, бо сифати баланд навсозӣ шудааст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст солҳои зиёд ба мардуми ин минтақа хизмат хоҳад кард.

Мардуми деҳаи Фалҳобод ва дигар деҳоти атроф аз сохта шудани пули мошингузар дар болои рӯди Оби Тоҳир басо шоду сипосгузоранд, зеро онҳо то ин вақт аз надоштани роҳи мошин, хусусан дар мавсими борогарию обхезӣ, бисёр танқисӣ мекашидаанд.

Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри навсозии роҳи 26-километраи мошингарди Кангурт – Балҷувон ва роҳи 32-километраи Кангурт – Темурмалик – деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ чораҳо андешанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.