Умаралӣ Қувватов бо маводи психотропӣ заҳролуд шудааст

Нашрияи туркии Albawaba бо истинод ба маълумоти ташхисгарони судиву тиббӣ иттилоъ медиҳад, ки пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов то парронида шуданаш бо маводи психотропии клозапин заҳролуд шуда будааст. Бино ба маълуомти нашрия, миқдори ин мавод, ки дар муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ истифода мебаранд, муайян карда нашудааст. Коршиносони бахши судиву тиббии Туркия бар ин назаранд, […]

ASIA-Plus



Нашрияи туркии Albawaba бо истинод ба маълумоти ташхисгарони судиву тиббӣ иттилоъ медиҳад, ки пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов то парронида шуданаш бо маводи психотропии клозапин заҳролуд шуда будааст.

Бино ба маълуомти нашрия, миқдори ин мавод, ки дар муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ истифода мебаранд, муайян карда нашудааст.

Коршиносони бахши судиву тиббии Туркия бар ин назаранд, ки миқдори маводи истеъмолкардаи Қувватов марговар набуда, он бо ҳадафи заҳролуд кардани ӯ истифода шудааст. Натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ ба прокуратураи Истамбул фиристода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ду нашрияи Туркия рӯзи 25 марти соли равон аксҳои афроди гумонбар аз ҷониби мақомоти пулиси Истамбул

ба қатли пешвои созмони «Гурӯҳи 24»

Умаралӣ Қувватовро ба нашр расониданд.

Пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

  Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.