Барномаи LG WEBOS 2.0 – калиди муоширати осон бо телевизор!

Техникаи оқил нишонаест, аз тамаюлоти оянда, вале он имруз дастраси ҳамагон гаштааст. Истеҳсолкунандаи бузурги  ҷаҳоншумул, ширкати LG Electronics, ба истифодабарандагонаш, ба туфайли  барномаи такмиёфтаи webOS 2.0.  имконияти беинтиҳои  идоракунии Smart телевизорҳоро пешкаш менамояд. Саъю  кўшиш аз баҳри такоммули  ҷабҳаҳои  гуногун, тавассути технологияҳои иноватсионӣ    бароҳативу ҳаловатро  дастраси ҳар як истифодабаранда   намудан –ин аст  стратегияи  фарқкунандаи LG! […]

Иттилоияи расмӣ



Техникаи оқил нишонаест, аз тамаюлоти оянда, вале он имруз дастраси ҳамагон гаштааст. Истеҳсолкунандаи бузурги  ҷаҳоншумул, ширкати LG Electronics, ба истифодабарандагонаш, ба туфайли  барномаи такмиёфтаи webOS 2.0. 



имконияти беинтиҳои  идоракунии Smart телевизорҳоро пешкаш менамояд.

Саъю  кўшиш аз баҳри такоммули  ҷабҳаҳои  гуногун, тавассути технологияҳои иноватсионӣ    бароҳативу ҳаловатро  дастраси ҳар як истифодабаранда   намудан –ин аст  стратегияи  фарқкунандаи LG! Барномаи амалиётии  WebOS 2.0  бо хусусияти  қулай  будани   идоракунии  телевизорҳо, онҳоро  ба сатҳи нисбатан  нав  мебарорад. Тафсири охирини ин барнома тавассути дастгоҳи  мукаммалшудаи истифодабарӣ  ва номгўи васеи  вазоифаш идоракунии  нисбатан қулай  ва беихтиёронаро   таъмин менамояд. Тафсири беҳтаркардашудаи  webOS 2.0  вақти  бакордарорӣ ва иҷрои супоришотро  камтар карда, имкон медиҳад, ки дар дастгоҳи  бакордарорӣ, рўихати  шахсии  супоришот мураттаб дода шавад ва  ин амал илова кардани ҷузъҳои маъқули  истифодаро ба таври нотакрор осон мегардонад.

 WebOS 2.0   аз тамошои навор таассуроти беҳамтоеро   кафолат медиҳад. Пас афзалияти  асосии  ин барномаи нав дар чист? webOS 2.0.  дорои шакли нави дастгоҳи  истифодабарӣ буда,  аллакай ба баҳои баланди истифодабарандагон,     сазовор гардидааст. Тавассути  ин барномаи навнасбшуда, пайвастшавӣ, таъғирдиҳӣ  ва ҷустуҷуи шабакаи дилхоҳ  ба кори завқбахше  табдил меёбад. Истифодабарандагон   шабакаи табдилёфтаи замимаҳо ва хизматрасониҳои  онлайниро  аз қабили  афзалиятҳои  асосии   webOS 2.0. меҳисобанд. Дар барномаи нав  ин шабака  ба хати уфуқии дорои аломатҳо  иваз шудааст. Истеҳсолкунандагони ширкати  LG дар ин самт корро давом доданд. Акнун  ороиши  модели  телевизорҳои  дорои барномаи   webOS 2.0  назар ба моделҳои ҳаммонандашон  хеле  равшан  ва  дар исифода оммафаҳму  осон аст.

Ба ғайр аз ин, истеҳсолкунандагон   рафти ҷўрсозии телевизор ва ба он насбшавии  дастгоҳҳои иловагиро  хеле васеъ намуданд. Баъди  ба кор даровардани  телевизори «оқил»  дар асоси  барномаи webOS 2.0, дар экран  қаҳрамони  аниматсионии BeanBird пайдо мешавад, дар олами беинтиҳои имкониятҳои  webOS 2.0 шуморо роҳбалад мегардад. Ин роҳбалади  телевизионӣ  оид ба  ҷўркунии   дастгоҳи омодакунанда  маълумоти дилхоҳро  пешниҳод менамояд. Истифодабаранда  тавассути пулти аз ҳама қулайтарин- LG Magic Remote  ахбороти   роҳбаладро фақат  варақ  мезанаду халос.

Дар поёни экран тугмачаи  «Пуск»- яъне омодашавӣ  ҷойгир аст, ки барои бемалол аз як шабака ба шабакаи дигар  гузаштан, ҳамчунин  дигар кардани контенти барномаи Smart ва ё  файлҳои васлшавандаҳои гуногун  кўмак мерасонад. Ин корро бе бозгашт ба тугмачаи  меню ва  бо сарфаи  вақт метавон иҷро кард. Кор фармудани  ин дастгоҳи мукаммал то ба дараҷае  сода карда шудааст, ки  телевизори «оқилро»  кўдак ҳам истифода бурда метавонад. Барои иноватсинӣ ва  самаранокиаш  webOS 2.0 дар номгўи  «Дизайни коммуникатсионӣ» сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Red Dot Awards-2014 шуда буд.Ба ғайр аз ин, маҳз ҳамин пешравӣ  ба нишондиҳандаи баландтарини фурўши он  оварда расонид: дар  ду моҳи аввали   пайдоиши  барномаи  webOS 2.0, танҳо дар Корея зиёда аз 1 миллион телевизори  LG фурўхта шуд. Бо барномаи  LG webOS 2.0  ҳамаи  моделҳои охирини телевизорҳои  LG ҷиҳозонида шудаанд.


Дар




бораи


LG Electronics Home Entertainment

Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ   пешрав ва истеҳсолкунандаи  технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.  Ширкат 82 000 корманд дорад, ки дар 119 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар  2014 сол, 56 млрд.доллари амрикоиро (59трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор  қисмати тиҷоратӣ  – Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони  асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд.Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори  41 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.


Дар




бораи


LG Electronics Home Entertainment

Ширкати LG Electronics Home Entertainment  дар бозори телевизорҳои  ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои  сигментҳои  истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгуи  маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ  ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ,плеерҳои  Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои  бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки  сифати 

вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон