Шаҳрванди Русияи дар Панҷ кушташуда ба ҷиҳод ба Афғонистон рафтанӣ буд

Шаҳрванди Русия, ки ҳангоми кӯшии фирор намудан аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Панҷ кушта шуд, талоши ба Афғонистон рафтан ва пайвастан ба ҷангиёнро дошт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, 11 рӯз қабл Семен Нагебин дар наздикиии посгоҳи милиса дар ноҳияи Панҷ пайдо шуда, кормандони милиса киву […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Русия, ки ҳангоми кӯшии фирор намудан аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Панҷ кушта шуд, талоши ба Афғонистон рафтан ва пайвастан ба ҷангиёнро дошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, 11 рӯз қабл Семен Нагебин дар наздикиии посгоҳи милиса дар ноҳияи Панҷ пайдо шуда, кормандони милиса киву ба куҷо рафтани ӯро фаҳмиданӣ мешаванд, аммо Нагебин дархости онҳоро нодида гирифта, ба яке аз онҳо бо корд ҳамла мекунад.

«Кормандони милиса маҷбур шуда, аз силоҳ истифода мекунанд, ки дар натиҷа ӯ аз пояш захмӣ мешавад. Сипас ӯро барои бистарӣ кардан ба бемористон меоранд ва дар бозпурсии аввал ӯ хабар медиҳад, ки тариқи марз дар ноҳияи Панҷ ба Афғонистон рафта, ба ҷангиён пайвастан ва дар ҷиҳод иштирок карданӣ будааст», – гуфт манбаъ.

Дар РВКД Хатлон ҳамчунин хабар доданд, ки захми ӯ чандон вазнин набуд ва рӯзҳои наздик ӯро аз бемористон ҷавоб доданӣ буданд, вале ӯ гурехтанӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки зимни як амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 23 апрел шаҳрванди 28-солаи Русия аз ҷониби кормандони милисаи Тоҷикистон

нобуд карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.