Ҳукумати пойтахт интихоби рамзи Ваҳдати миллиро пешниҳод мекунад

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 23 то 30 апрели соли 2015 тариқи сомонаи шаҳрдорӣ 5 лоиҳаи рамзи Ваҳдати миллиро барои назарсанҷӣ пешниҳод менамояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаҳои мазкур тибқи муқаррарот ва дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия гардида баҳри […]

ASIA-Plus



Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 23 то 30 апрели соли 2015 тариқи сомонаи шаҳрдорӣ 5 лоиҳаи рамзи Ваҳдати миллиро барои назарсанҷӣ пешниҳод менамояд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаҳои мазкур тибқи муқаррарот ва дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия гардида баҳри ба шаҳри зебоманзару дилписанди сайёра мубаддал гардонидани шаҳрамон нигаронида шудаанд.

Аз ҳамагон хоҳиш карда мешавад, нисбати лоиҳаҳое, ки пешниҳод мегарданд, тавассути бахши «Пурсиш»-и сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj изҳори назар намуда, дар интихоби рамзи беҳтарини Ваҳдати миллӣ, ки дар боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳои шаҳр гузошта хоҳад шуд, иштироки фаъолона намоянд.

Дар лоиҳа таҳти унвони «Авҷ» баландии сутуни маҷмааи рамзи «Ваҳдати миллӣ»  97 метр (ишора ба созишномаи сулҳи тоҷикон 27 июни соли 1997), баландии умумиаш бошад ба 112 метр расида, дар масоҳати 24-гектар замин доман паҳн намудааст. Дар пештоқи даромадгоҳи асосӣ китоби электронии баландиаш 6,4 метр ва паҳноияш 14 метр ҷойгир шудааст, ки таърихи истиқлолият ва ба ваҳдат расидани миллатамонро инъикос менамояд.

Сохтмони маҷмааи рамзи Ваҳдати миллӣ тибқи лоиҳаи «Нур» дар боғи «Дӯстии халқҳо ва дар баландии тақрибан 80 метри иншоот сохтмони майдон барои тамошои гирду атроф ва қаҳвахона пешбинӣ мешавад.

Муҷассамаи Ваҳдати пешниҳодгардида тибқи лоиҳаи «Соф» 97 метр баландӣ дорад. Ин муҷассама мӯҳташам буда, метавон дар дохили он ҳам тарабхона, ҳам ҷойи осорхонаи «Дӯстӣ», маҷлисгоҳ ва дигар иншооти хурду замонавӣ бунёд намуд.

Лоиҳа зери шиори «Тоҷ» 97 метр баландӣ дошта, ҳангоми тартиб додани лоиҳаи «Ваҳдат» ҳамчун асос ғояву мазмуни «Дарахти ҳаёт» гирифта шудааст.

Баландии маҷмааи рамзи «Ваҳдати миллӣ» дар лоиҳаи «Фар» низ 97 метрро ташкил дода, дар ин ҷо низ сохтмони майдон барои тамошои гирду атроф пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.