Шабдолов: Мансаби пешвои коммунистони Суғд бори навбатӣ ғасб шуд

Рӯзи 25 апрел дар маҷлиси як доираи хурди шахсони шубҳанок, ки худро коммунист меноманд, мансаби котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд бори навбатӣ аз ҷониби Қурбонҷон Мирзоева ғасб шуд, ки тайи чандин соли ахир муқобили сиёсати Кумитаи марказии ҲКТ садо баланд мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикстон […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 25 апрел дар маҷлиси як доираи хурди шахсони шубҳанок, ки худро коммунист меноманд, мансаби котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд бори навбатӣ аз ҷониби Қурбонҷон Мирзоева ғасб шуд, ки тайи чандин соли ахир муқобили сиёсати Кумитаи марказии ҲКТ садо баланд мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикстон Шодӣ Шабдолов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбари кумитаи вилоятии ҲКТ дар Суғд Абдуалӣ Маҳкамов муддати тӯлонӣ бемор буда, ахири моҳи августи соли гузашта ба раҳбарияти ҲКТ дар бораи озод карданаш аз ин мансаб бо сабаби бемориаш муроҷиат кардааст.

«Он замон КМ ҲКТ тасмим гирифта буд, ки оид ба баррасии ин масъала нимаи дуюми моҳи сентябр пленуми кумитаи вилоятии Суғдро даъват намояд, вале 11 сентябри соли гузашта як гурӯҳи шахсон дар шаҳри Хуҷанд пленум баргузор намуда, ба мансаби котиби аввали кумитаи вилоятии ҳизб Абдуҷаббор Аҳмедовро интихоб карданд, ки ба Ҳизби коммунист ҳеҷ муносибате надорад», – иброз дошт Шабдолов.

Раиси ҲКТ қайд кард, ки мувофиқи оинномаи ҲКТ, роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии Ҳизби коммунист бидуни мувофиқа бо Кумитаи Марказӣ интихоб шуда наметавонанд ва дар ин ҳолат ин муқаррарот ба инобат гирифта нашуд.

«Рӯзи 27 сентябри соли гузашта президиуми КМ ҲКТ қарори дар боло зикршудаи пленуми коммунистони Суғдро бекор карда, раҳбарии ташкилоти ҳизбӣ дар вилоятро ба дӯши котиби якуми кумитаи ҲКТ дар шаҳри Хуҷанд Мубинҷон Маҳмудов вогузор намуд, вале он замон Аҳмедов ошкоро изҳор намуд, ки қарори мазкурро иҷро карданӣ нест», – таъкид дошт номбурда.

Ба қавли Шабдолов, Аҳмедов ва Мирзоева, ҳамчунин атрофиёни наздикашон бо дастури доираҳои ҳукуматӣ мехоҳанд миёни комунистони Тоҷикистон ҷудоӣ андозанд, вале чунин кӯшишҳо алайҳи ҲКТ ҳамеша бо нокомӣ анҷом пазируфта буданд ва имрӯз ҳам комиссияи махсус таъсисёфтаи КМ ҲКТ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст, ки дар ояндаи наздик аз рӯи хулосаҳои он пленуми муштараки КМ ҲКТ ва кумитаи вилоятии коммунистони Суғд даъват карда мешавад.

«Ман ҳамчун пешвои ҳизб ояндаи наздик дар ҷаласаи президиуми КМ ҲКТ оид ба аз сафҳои ҳизб хориҷ кардани 20-30 нафар ҷудоихоҳон аз ҳисоби ба истилоҳ коммунистони Суғд масъала ба миён мегузорам», – афзуд Шабдолов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.