Вазорати молия афзоиши бурсҳои Фонди зиддибуҳронии БАОР-ро пешниҳод намуд

Ахири ҳафтаи сипаришуда муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Фонди зиддибуҳрони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот оид ба масоили муҳими рӯзмарра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши молия ва дигар соҳаҳо табодули назар сурат гирифта, ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Ахири ҳафтаи сипаришуда муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Фонди зиддибуҳрони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот оид ба масоили муҳими рӯзмарра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши молия ва дигар соҳаҳо табодули назар сурат гирифта, ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар ва масъалаҳои сиёсати умумӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, шартҳои баррасӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби воситаҳои Фонди зиддибуҳронии БАОР таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Нуралиев таъсири манфии буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаро таъкид дошта, қайд кард, ки назар ба воситаҳои қарзӣ, афзоиши пешниҳоди воситаҳои бурсӣ ба бахшҳои афзалиятноки кишвар мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ муҳим будани амалисозии барномаҳои кунуниву оянда ва зарурати ҳамоҳангсозии онҳо бо вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ, мувофиқасозии муносибатҳо бо Фонди зиддибуҳронии БАОР, Бонки осиёгии рушд ва дигар ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонкӣ таъкид шуд.

Муовини аввали вазири молия изҳори итминон кард, ки ҳамкорӣ бо БАОР минбаъд низ дар заминаи созанда рушду тавсеъа хоҳад ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.