Тоҷикистону Хитой маҳкумшудагонро ба ҳамдигар бозпас мегардонанд



Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Дар хусуси Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин Дар бораи аъзои Гуруҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Дар бораи аъзои Гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Парлумонии Кишварҳои Аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, Дар бораи ташкили Гурӯҳи ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ал-Маҷлис-ул-Иттиҳоди-ул-Ватани Аморати Муттаҳидаи Араб, Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷилиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Миллии Давлати Қувайт (Маҷлис-ал-Уммаҳ), Оид ба ташкили Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатииМаҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рийгикогуи (парламенти) Ҷумҳурии Эстония, Дар бораи ташкили Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Дар бораи аъзои кумитаҳои умумии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Дар бораи аъзои Гуруҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонҳои Осиё, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ», Дар бораи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба соддагардонии расмиёти савдо, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Гуфта мешава, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда, фикру андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил ёфтани онҳо изҳор доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное