«Талко» ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавиро барқарор мекунад

Пас аз танаффуси 22-сола Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар бахши истеҳсоли алюминийро барқарор карданист. Тавре аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта намояндагони ширкатҳои фаронсавӣ таҳти роҳбарии муовини раиси MEDEF International Филипп Готйе аз ин корхона боздид намуданд. Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфе чун ALSTOM, BRL INGTNIRIE, FELJAS ET MASSON, GOLDEN […]

ASIA-Plus



Пас аз танаффуси 22-сола Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар бахши истеҳсоли алюминийро барқарор карданист.

Тавре аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта намояндагони ширкатҳои фаронсавӣ таҳти роҳбарии муовини раиси MEDEF International Филипп Готйе аз ин корхона боздид намуданд.

Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфе чун ALSTOM, BRL INGTNIRIE, FELJAS ET MASSON, GOLDEN GRUP,  MORNO, NORMA CADE ITERNATIONAI, VCGP ва «Аэробус» шомил буданд. Ҳайатро сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров ҳамроҳӣ кард. Қобили зикр аст, ки тоҷирони фаронсавӣ барои иштирок дар кори нахустин ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ба Тоҷикистон омаданд.

Зимни мулоқот бо раҳбарияти «Талко» Ҳ.Назаров қайд кард, ки сармоягузорони аврупоӣ ба ҳамкорӣ омодаанд, «вале баъди омӯзиши дақиқи самтҳои пешниҳодшудаи ҳамкорӣ иқдоми мушаххас сурат хоҳад гирифт».

«Барои соҳибкорони аврупоӣ вазъи сиёсӣ, муҳити сармоягузорӣ ва таъмини ҳифзи сармоя дар кишвар хеле муҳим аст. Ба мусоид будани чунин шароитҳо дар Тоҷикистон онҳо итминон ҳосил намуданд», – иброз дошт Назаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.