Кувайт робитаҳои гуманитарӣ бо Тоҷикистонро густариш доданист

Дар доираи сафар ба Давлати Кувайт муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо директори генералии Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб Абдулваҳҳоб ал-Бадр дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур, ки аз соли 2001 ба роҳ монда шудааст, мавриди баррасӣ […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафар ба Давлати Кувайт муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо директори генералии Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб Абдулваҳҳоб ал-Бадр дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур, ки аз соли 2001 ба роҳ монда шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбарияти Фонди кувайтӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри ал-Кувайт Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин бо мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, раиси Фонди хайрияи байналмилалии исломӣ д-р Абдуллоҳ  ал-Маътуқ мулоқот кард.

Дар ибтидои суҳбат д-р А. Маътуқ аз сафари худ ба Тоҷикистон ёдовар шуда, саҳми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди бемайлони кишвар ва тавсеаи муносибатҳои он бо Давлати Куайт баланд арзёбӣ намуд.

Зимни мулоқот самтҳои рушди ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла аҳаммияти табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои гуногун ва инчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаи амалҳои гуманитарию хайриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Фонди хайрияи байналмилалии исломӣ омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештар бо муассисаҳои ҳайриявии Тоҷикистон изҳор дошт.

Ёдрас мешавад, ки муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҷиҳати баргузории машваратҳои сиёсии дуҷониба ба Давлати Кувайт сафар намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.