Ҷашни бекарруфари солгарди навбатии Истиқлолият

Аваз Юлдошев

Солгарди навбатии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки пагоҳ, 9 сентябр таҷлил мегардад, имсол бекарруфар ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, имсол ба ин муносибат баргузории ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта нашудааст. Ҳамчунин намоишномаи театрикунонидашуда ва консерти устодони санъат дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, […]



Солгарди навбатии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки пагоҳ, 9 сентябр таҷлил мегардад, имсол бекарруфар ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, имсол ба ин муносибат баргузории ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта нашудааст.

Ҳамчунин намоишномаи театрикунонидашуда ва консерти устодони санъат дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки қаблан дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо ҳузури аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, аҳли ҷомеа ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе доир мегардид, баргузор намешавад. Имсол ба ин муносибат гузашти низомӣ ва фейерверкафканӣ низ доир намегардад.

Бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, соати 18-00-и пагоҳ, 9 сентябр дар майдони назди шаршараи маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона доир мегардад.

Ғайр аз ин, шурӯъ аз соати 10-00-и рӯз дар боғҳои фарҳангу истироҳати «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони 800-солагии Маскави пойтахт консерту дигар чорабиниҳои идона, намоишгоҳу ярмаркаҳои маснӯоти қаннодӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти саноатӣ барпо карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.