Анҷоми амалисозии лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Дарвоз

Иттилоияи расмӣ

Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада рӯзи 1-ми сентябри соли 2015 барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмири шӯъбаи бемориҳои бачагона ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз» ба ноҳияи Дарвоз сафар кард. Ҷаноби Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз низ дар маросим ширкат варзид. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид […]



Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада рӯзи 1-ми сентябри соли 2015 барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмири шӯъбаи бемориҳои бачагона ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз» ба ноҳияи Дарвоз сафар кард. Ҷаноби Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз низ дар маросим ширкат варзид.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои лоиҳаи мазкур 112,268 доллари ИМА дастрас гашт.

Пеш аз татбиқи лоиҳа беморхонаи мазкур ниёзманди таҷҳизоти тиббӣ ва таъмирталаб буд. Бо иҷрои бомуваффақи лоиҳа, бинои беморхонаи марказӣ, аз ҷумла бому системаи барқтаъминкунӣ пурра таъмир гашта бо таҷҳизоти зарурӣ аз қабили монитори қалб, оксигенератор, ЭКГ, дастгоҳи рентгенӣ, дастгоҳи ултрасадо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардид.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.