Боздиди сафири Тоҷикистон дар Русия аз вилояти Иваново

Аваз Юлдошев

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо даъвати губернатори вилояти Иваново дар кори Форуми X байнулмилалии саноативу иқтисодии «Ҳалқаи тиллоӣ» (Золотое кольцо) ширкат варзид, ки аз 3 то 5 сентябр дар Плес баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, қабл аз оғози кори форум сафир бо губернатори вилояти Иванов Павел […]



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо даъвати губернатори вилояти Иваново дар кори Форуми X байнулмилалии саноативу иқтисодии «Ҳалқаи тиллоӣ» (Золотое кольцо) ширкат варзид, ки аз 3 то 5 сентябр дар Плес баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, қабл аз оғози кори форум сафир бо губернатори вилояти Иванов Павел Конков вохӯрда, зимни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон бо ин вилоят, мушкилоти будубош ва шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи мазкур ва роҳу воситахои густариши робитаҳо баррасӣ шуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум Имрмуддин Саторов ба ҳозирин дар бораи дурнамои самтҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо минтақаҳои Русия маълумот дода, имконоти Тоҷикистон дар ин самтро муаррифӣ намуд.

Ҳадафи форум табодули таҷриба ва технологияҳо дар бахшҳои саноати бофандагиву дӯзандагӣ, индустрияи мӯд ва ороиш (дизайн), ҳамчунин ҷалби сармоя ва рушди шарикии тиҷоративу иқтисодии корхонаҳои русиягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ буда, дар кори ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Беларус, Олмон, Италия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркия иштирок карданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Иваново сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз хонаи миллатҳои Иваново боздид намуда, бо мусаввараҳои рассомони тоҷику қазоқ дар намоишгоҳи «Назми Шарқ дар расм ва графика. Қазоқистон – Тоҷикистон. Асри XX» аз наздик ошно гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.