Боздошти боз 3 тан аз ҳамсафони генерал Назарзода

ASIA-Plus

Имрӯз, 8 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ, дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ боз 3 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардиданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми баргузории […]



Имрӯз, 8 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ, дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ боз 3 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми баргузории амалиёт миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 5 автомати «АКМ» ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак барои дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд», – омадааст дар хабари интишоршуда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор мусоидат менамоянд, мукофотонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 4 сентябр ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода миқдори зиёди аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро азхуд намуда, дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит паноҳ бурд. Айни замон ВКД дар бораи кушта шудани 13 нафар ва боздошти ҳудуди 50 тан аз аъзои гурӯҳи генрали ошӯбгар маълумот медиҳад. Бародари хурдии Назарзода низ худро ба ҳукуматдорон таслим кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.