Прокуратураи генералӣ ба ҳисобу китоби дороиҳои генерали ошӯбгар шурӯъ кард

ASIA-Plus

Дар доираи парвандаи ҷиноии бозшуда нисбати генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода, ки аз ҷониби ҳукумат барои «содир намудани ҷиноят» аз вазифааш озод карда шуд, Прокуратураи генералӣ ба ҳисобу китоби амвол ва дороиҳои ӯ шурӯъ кард. Ҳукумат ӯро дар ташкили ҳамла ба ШВКД шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи рӯзи 4 сентябр айбдор медонад. Шоми рӯзи […]



Дар доираи парвандаи ҷиноии бозшуда нисбати генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода, ки аз ҷониби ҳукумат барои «содир намудани ҷиноят» аз вазифааш озод карда шуд, Прокуратураи генералӣ ба ҳисобу китоби амвол ва дороиҳои ӯ шурӯъ кард. Ҳукумат ӯро дар ташкили ҳамла ба ШВКД шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи рӯзи 4 сентябр айбдор медонад.

Шоми рӯзи 7 сентябр тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ дар ин бора гузориши аз ҷониби Прокуратураи генералӣ омодашуда намоиш дода шуд. Дар он зикр гардид, ки корхонаи нонпазии воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт аз ҷониби А.Назарзода ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст.

Дар гузориш ҳамчунин қайд шуд, ки дар ҳавлии корхонаи нонпазӣ генерал як иморати шахсии сеошёна сохтааст. Дар Вазоб Назарзода соҳиби се истироҳатгоҳи гаронбаҳо буда, бинои Пажӯҳишгоҳи геодезияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар маҳаллаи Қаротегинро ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаааст ва дар он ҷо барои худ манзили зист бунёд кардааст. Дар 50 гектар замини Пажӯҳишгоҳ ӯ нуқтаи хизматрасонӣ барои автомашинаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасон барои парвариши чорво сохтааст.

Ғайр аз ин генерал ҳамчунин молики хоҷагии деҳқонии «Тобистон» ва фабрикаи мурғпарварию асппарварӣ низ будааст. Фабрикаи мурғпарварии «Тарз»-ро генерал чанде пештар ба шахсе бо номи Саъдулло Бафоев ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА фурӯхтааст.

Толори варзишӣ дар пойтахт бо номи «Лидер», тарабхонаи «Зайтун», қаҳвахонаи «Бахтиёр», фермаи чорвопарварӣ дар Рашт, панҷ манзили зист дар Душанбе ва ҳамчунин пурра як ошёнаи сеюми манзили сеошёна дар пойтахт низ ба генерал тааллуқ доштаанд.

Дар гузориши телевизионии мазкур таъкид шуд, ки мағоза ва корхонаи дӯзандагӣ дар Варзоб ба номи зани сеюми ӯ ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.