Таваҷҷуҳи ширкатҳои туркӣ ба роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо раиси Ассотсиатсияи ТАТСИАД (Итиҳодияи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия) Қодир Гурса ҷанбаҳои муосири рушд ва такмили минбаъдаи ҳамкории дуҷонбаи соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид гуфтааст, гуфтушунид бо намояндагони тиҷорати Туркия нишон дод, ки онҳо […]



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо раиси Ассотсиатсияи ТАТСИАД (Итиҳодияи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия) Қодир Гурса ҷанбаҳои муосири рушд ва такмили минбаъдаи ҳамкории дуҷонбаи соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид гуфтааст, гуфтушунид бо намояндагони тиҷорати Туркия нишон дод, ки онҳо дарвоқеъ ҳам ба ҳамкории зич ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд.

Ӯ нақши муҳими ТАТСИАД дар рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва барои Тоҷикистон низ муҳим будани рушди минбаъда ва такмили онро таъкид доштаааст.

Дар навбати худ Қодир Гурса зикр кардааст, ки аксари ширкатҳои туркӣ ба рушд ва таҳкими робитаҳо бо сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабуку бофандагӣ, сохтмон, савдо, бахши кишоварзӣ, рушди индустрияи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо ҳавасманд мебошанд.

Ҷонибҳо оид ба роҳандозии робитаҳои доимии корӣ ва имконоти баргузории чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ тавофуқ ҳосил намуда, зарурати афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷонибаро таъкид намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.