Вохӯрии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Берлин

ASIA-Plus

Рӯзи 7 сентябри соли 2015 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи Конфронси «Об ва муносибатҳои накӯҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев вохӯрӣ баргузор намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаи Осиёи […]



Рӯзи 7 сентябри соли 2015 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи Конфронси «Об ва муносибатҳои накӯҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев вохӯрӣ баргузор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, нақши конфронси мазкурро, ки дар чаҳорчӯбаи ташаббуси Олмон бо номи «Раванди Берлин» доир мешавад, дар ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати ҳалли масоили об муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҳамчунин ба баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар партави мувофиқатҳои роҳбарони олии ду кишвар таъкид ва онро ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.