Журналистон маҳфили ёдбуди Акбаралӣ Сатторовро баргузор намуданд

Пайрав Чоршанбиев

Дар Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии журналистон дар толори маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маҳфили ёдбуди собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов доир гардид, ки дар он рӯзноманигорони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ, аҳли илму адаб ва ҳамчунин хешону наздикон ва дӯстони марҳум гирдиҳам омаданд. Иштирокдорони чорабинӣ қайд карданд, ки Акбаралӣ Сатторов воқеъан ҳам муассиси васоити […]



Дар Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии журналистон дар толори маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маҳфили ёдбуди собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов доир гардид, ки дар он рӯзноманигорони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ, аҳли илму адаб ва ҳамчунин хешону наздикон ва дӯстони марҳум гирдиҳам омаданд.

Иштирокдорони чорабинӣ қайд карданд, ки Акбаралӣ Сатторов воқеъан ҳам муассиси васоити ахбори умуми мустақили кишвар буда, бо ин иқдом номи худро дар таърихи журналистикаи тоҷик сабт кардааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Акбаралӣ Сатторов ҳеҷ гоҳ аз ҷомеа дур набуд, ҳамеша дар паҳлӯи журналистон қарор дошт ва ҳанӯз то замони интихобаш ба садри Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон, ҳамаи рӯзноманигрони ҷумҳурӣ раисаш медонистанд.

Дар маҳфил пешниҳод шуд, ки барои ба номи Акбаралӣ Сатторов гузошта шудани номи яке аз кӯчаҳои пойтахт ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муроҷиат карда шавад. Ҳамчунин дар бораи омода кардан ва дар шаҳр гузоштани нимпайкараи марҳум пешниҳодҳо садо доданд.

Ғайр аз ин, пешниҳод шуд, ки бо маблағгузории васоити ахбори умуми ватанӣ ҷоизаи ҳамасолаи ба номи Акбаралӣ Сатторов таъсис дода шавад.

Дар назар аст, ки ба маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Ҳисор низ муроҷиат карда шавад, то ки ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ин ноҳия номи Акбаралӣ Сатторов гузошта шавад.

Боз пешниҳод шуд, ки дар рӯзи марги Акбаралӣ Сатторов (28 август) ҳамасола Рӯзи ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.