Коммунистони тоҷик коммунистони Русияро бо комёбӣ дар интихобот табрик карданд

Аваз Юлдошев



Дар Душанбе рӯзи 15 сентябр ҷаласаи навбатии президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир гардида, дар он масоили таҳкими робитахои ҳизб бо ҷомеа баррасӣ шуданд.

Котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа қарор шуд, ки дар робита ба комёбии намояндагони Ҳизби коммунисти Русия дар интихоботи рӯзи 13 сентябр, ки яке аз бузургмиқёстарин Рӯзи ягонаи овоздиҳӣ  тайи солҳои ахир шуморида мешавад, ба раҳбарияти Ҳизби коммунисти Русия паёми табрикӣ фиристода шавад.

«Аз рӯи натиҷаҳои интихобот коммунистони Русия баъди ҳизби ҳокими «Единая Россия» зинаи дуюмро ишғол намуданд, ки дастоварди бузург аст», – иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, дар паёми табрикии коммунистони тоҷик зикр мегардад, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Русия баҳри таҳкими муносибатҳои ҳарду кишвар дар тамоми самтҳо метавонанд саҳми бештар фаъолтар дошта бошанд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, рӯзи 13 сентябр ба қитъаҳои интихоботӣ дар Русия даҳҳо миллион нафар омаданд. Дар 21 минтақа губернаторон, дар 11 минтақа вакилони парлумон интихоб карда шуданд. Барои 92 ҳазор мандат (ваколатнома) дар тамоми сатҳҳои ҳокимияти маҳаллӣ 207 ҳазор нафар номзадҳо рақобат карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Ҳар ду...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

Созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро дар ватан гузаранд.