Коммунистони тоҷик коммунистони Русияро бо комёбӣ дар интихобот табрик карданд

Дар Душанбе рӯзи 15 сентябр ҷаласаи навбатии президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир гардида, дар он масоили таҳкими робитахои ҳизб бо ҷомеа баррасӣ шуданд. Котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа қарор шуд, ки дар робита ба комёбии намояндагони Ҳизби коммунисти Русия дар интихоботи […]

Аваз Юлдошев



Дар Душанбе рӯзи 15 сентябр ҷаласаи навбатии президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир гардида, дар он масоили таҳкими робитахои ҳизб бо ҷомеа баррасӣ шуданд.

Котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа қарор шуд, ки дар робита ба комёбии намояндагони Ҳизби коммунисти Русия дар интихоботи рӯзи 13 сентябр, ки яке аз бузургмиқёстарин Рӯзи ягонаи овоздиҳӣ  тайи солҳои ахир шуморида мешавад, ба раҳбарияти Ҳизби коммунисти Русия паёми табрикӣ фиристода шавад.

«Аз рӯи натиҷаҳои интихобот коммунистони Русия баъди ҳизби ҳокими «Единая Россия» зинаи дуюмро ишғол намуданд, ки дастоварди бузург аст», – иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, дар паёми табрикии коммунистони тоҷик зикр мегардад, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Русия баҳри таҳкими муносибатҳои ҳарду кишвар дар тамоми самтҳо метавонанд саҳми бештар фаъолтар дошта бошанд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, рӯзи 13 сентябр ба қитъаҳои интихоботӣ дар Русия даҳҳо миллион нафар омаданд. Дар 21 минтақа губернаторон, дар 11 минтақа вакилони парлумон интихоб карда шуданд. Барои 92 ҳазор мандат (ваколатнома) дар тамоми сатҳҳои ҳокимияти маҳаллӣ 207 ҳазор нафар номзадҳо рақобат карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.