Ташрифи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Сафир Петер Буриан бо сафари хидматӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни боздид Намояндаи махсус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рағбати баланди Иттиҳоди Аврупо дар вусъати минбаъдаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки махсусан дар партави доираи васеи масъалаҳои амниятӣ дар минтақа ва берун аз он кишвар муҳим ҳисобида […]



Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Сафир Петер Буриан бо сафари хидматӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни боздид Намояндаи махсус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рағбати баланди Иттиҳоди Аврупо дар вусъати минбаъдаи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки махсусан дар партави доираи васеи масъалаҳои амниятӣ дар минтақа ва берун аз он кишвар муҳим ҳисобида мешавад, маълумот расонид. Ӯ ҳамчунин таъкид аз дастгирии Иттиҳои Аврупо ба суботи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ҳаводиси охир дошт, ва илова намуд, ки “Иттиҳои Аврупо ваҳдати миллӣ ва муколамаро барои ба даст овардани суботи устувор муҳим мешуморад”. Сафир Буриан даъват аз татбиқи минбаъда ва ҳаматарафаи ислоҳот дар мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчун ҳалли беҳтарини мушкилиҳои ҷойдошта намуд.

Дар вохӯрӣ бо Сироҷиддин Аслов, Вазири корҳои хориҷӣ, сафир Буриан дастгирии Иттиҳоди Аврупоро аз субот дар Тоҷикистон дар партави мушкилоти дохилӣ ва берунӣ, ки айни ҳол кишвар рӯ ба рӯ омадааст, тасдиқ кард. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки идомаи ба даст овардани суботи дарозмуддат дар асоси ваҳдати миллӣ, ҳамгироӣ ва муколамаи демократӣ зарур аст. Сафир Буриан, аз ҷумла, аҳамияти баланди Муколама оиди ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуд. Инчунин мулоқоти дар пешистодаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вазир Аслов оиди талошҳои Тоҷикистон барои рушди дарозмуддат ва стратегии иқтисодӣ хабар дод. Табодули васеи афкор оиди масоили минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он, аз ҷумла, дар бораи вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва Шарқи наздик баргузор гардид.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо инчунин бо Эркинхон Раҳматуллозода, мушовири давлатӣ оид ба муносибатҳои хориҷӣ мулоқот намуд, ки зимни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таҳдиди тундгароӣ ва ифротгароӣ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин кирдори зӯроварии охир ва аксуламали нерӯҳои амниятии ҳукумат муҳокима гардид. Сафир Буриан мавқеи қавии Иттиҳоди Аврупоро изҳор намуд, ки ягон ҳадафи сиёсӣ наметавонад бо зўроварӣ нисбати муассисаҳои давлатӣ алоқаманд бошад. Ӯ ҳамчунин зарурияти паст кардани сатҳи шиддати вазъияти сиёсӣ дар ин кишварро таъкид намуда, таҳкими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар асоси шартномаи сулҳ муҳим донист.

Дар вохӯрӣ бо Саидраҳмон Назризода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи махсус ба вазъи кунунии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар зоҳир карда шуд. Сафир Буриан омодагии Иттиҳоди Аврупоро ба дастгирии мақомоти Тоҷикистон дар талош барои ҳалли таъсири оқибатҳои манфии иқтисодиёти беруна изҳор дошт. Ба Сафир Буриан дар ин ҳол Нақшаи давлатии амалиёт барои паст кардани таъсири бӯҳрони иқтисодиро пешкаш намуданд.

Сафир Буриан ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони рушд дар Тоҷикистон, ки манфиати умум дар субот ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, мулоқот намуд. Бо шарикони рушди Тоҷикистон Сафир оид ба кӯмаки имконпазири минбаъда ва дастгирии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ва айни замон татбиқи ислоҳоти фарогирии зарурӣ дар бисёр соҳаҳо бо мақсади таъмини сармоягузории хориҷӣ, суботи иҷтимоӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва суботи иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вазъи мавҷуда ва равандҳои ҷорӣ дар кишвар баррасӣ гардиданд, ва Сафир Буриан нақши бебадали ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳаёти сиёсӣ ва дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъкид намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.