Ҳукумат: ҲНИТ нияти ҳамла ба баъзе муассисаҳои давлатиро дошт

Date:



Тариқи шабакаи давлатии телевизиони «Сафина» шоми рӯзи 21 сентябр дар бораи муттаҳам дониста шудани раҳбарияти ҲНИТ ба омодакунии ҳамлаҳо ба баъзе муассисаҳои давлатии кишвар гузориш намоиш дода шуд.

Дар ин гузориш таъкид гардид, ки ҲНИТ нақша доштааст, ки дар вақти муайяне биноҳои шабакаи аввали телевизион, КДАМ ва ҳамчунин фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо ба ихтиёри худ гирад.

Овози пушти кадр дар гузориш иттилоъ дод, ки ҳуҷҷатҳои дар дафтари кории ҲНИТ дар Душанбе мусодирашуда ин гуфтаҳоро собит месозанд.

Ғайр аз ин, ҳамчунин муроҷиати гӯё аз ҷониби Шӯрои сиёсии ҲНИТ омодашуда ба ҷонибдорони худ бо даъвати «баъди чанд рӯз ба мубориза бархостан алайҳи режими Раҳмон» низ намоиш дода шуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related