Баррасии Ёддошти тафоҳум бо Эрон оид ба бозсозии нақби «Истиқлол» дар парлумон

Аваз Юлдошев

Таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид. Котиби матбуотии палатаи поёни парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи қабули қонун «Дар […]



Таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид.

Котиби матбуотии палатаи поёни парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи қабули қонун «Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи амният», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии санадҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳаҳо», «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия», ҳамчунин тағийроту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ, Кодекси оила ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки масъалаҳои марбут ба тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба сохтмони нуқтаи фаромондехии диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон в ҳукумати Эрон оид ба идомаи азнавсозии нақби «Истиқлол» низ мавриди барррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.