Ифтитоҳи як қатор иншоот дар Ҳисор бо иштироки президент

ASIA-Plus

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000-солагии Ҳисор бо сафари корӣ ба ин ноҳия ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сафар президенти мамлакат нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои осорхонаи ноҳиявӣ иштиро кард, […]



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000-солагии Ҳисор

бо сафари корӣ ба ин ноҳия

ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сафар президенти мамлакат нахуст дар

маросими ифтитоҳи бинои осорхонаи ноҳиявӣ

иштиро кард, ки ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси сарвари давлат бунёд ёфта аст.

Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад.  Масоҳати умумии бино қариб як гектарро ташкил медихад.  Дар таҳхонаи осорхона устохонаи таъмири маҳсулоти кулолгарӣ ва шишагӣ, устохонаи нусха кардани нигораҳо, таъмири маҳсулоти нахдор, сехи таъмири маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасонихо мавҷуд аст.

Дар маркази ноҳия – шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Китобхонаи марказии ноҳияро

низ расман мавриди истифода қарор дод. Китобхонаи марказӣ дорои 40 утоқ, аз ҷумла 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 хонаи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер васлу насб шудаанд. Дар бинои нави китобхона 30 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор бо буридани лентаи рамзӣ ба

оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанги ноҳия

асос гузошт. Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби бунёд шуда,  аз 3 ошёна иборат мебошад. 

Дар таҳхонаи бино ошхона бо 100 ҷой, ҷойи либосҳои театрӣ, толори варзиш, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории кормандон, кошонаи ҳусн, синфхонаи дӯзандагӣ, утоқҳои машқу тамрин ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон, утоқҳои сурудхонӣ мавҷуд аст. Дар Кохи фарҳанг 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.