Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи байнулмилалии Маскав

Иттилоияи расмӣ

Ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 22-юм то 25-уми сентябр дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд. Корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Дар ин […]



Ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 22-юм то 25-уми сентябр дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.

Корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Дар ин панҷ сол 21 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ се-чаҳор маротибаӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои чандсадҳазору чандмиллиондоллара баргаштаанд. Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат», “Мафтуна”, “Нассоҷии Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», «Раҳимов А.А.», ва «Тента Кӯлоб».

Ин сафар бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд. Тавре дар торнамои расмии “Текстиллегпром” омадааст, он ба ҳайси “макони дидори мутахассисони соҳа ва намоиши маҳсулоти хушсифат ва хидматрасонии аълои ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ хидмат карда, ҳадафаш фароҳам овардани имконияти бастани шартномаҳои тиҷоратӣ миёни истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва харидорон мебошад”.

Бино бар гуфтаи Наргиза Абдумаҷидова, ёвари барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, «иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ бар иловаи афзудани имкониятҳо, боз корхонаҳои Тоҷикистонро ба чолишҳое бинобар рақобати шадид дар бозор рӯбарӯ хоҳад кард. Сарфи назар аз пайдоиши нишонаҳои рукуд дар иқтисоди Русия, ин кишвар муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.”

Намоишгоҳ аз 11 павилйони вижа иборат хоҳад буд, ки дар онҳо матоъ, либосворӣ, маҳсулоти бофандагӣ, либоси зер, ҷӯробҳо, маҳсулоти кӯдакона, маҳсулот барои хона, маҳсулоти пӯстӣ, таҷҳизот, маҳсулоти хом, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра ба намоиш мешавад. Девораҳои Тоҷикистон дар ду павилйон – маҳсулоти хом ва маҳсулоти бофандагӣ қомат афрохтааст.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз павилйонҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард. Ҳайъати Тоҷикистон, боз, имкон дорад, то дар конфронсҳои илмию тадқиқотӣ, давраҳои омӯзишӣ, ва мизи гирдҳо иштирок карда, бо шиносоӣ бо озмунҳои соҳавӣ иштироки эҳтимолӣ дар онҳоро дар оянда ба инобат бигирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Апрели сершамол: пешгӯии обуҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?