СҲШ тадбирҳои зиддитеррористӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ кард

Пайрав Чоршанбиев

– Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дастгириаш ба тадбирҳои зиддитерористии доиргардида дар Тоҷикистонро изҳор менамояд, – гуфта мешавад дар иттилои рӯзи душанбе интишоршудаи хадамоти матбуоти ин сохтори СҲШ. «Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии СҲШ аз чорабиниҳои зиддитеррористии доиргардида аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки ба таъмини сулҳу субот дар кишвар равона гардида буданд, […]



– Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дастгириаш ба тадбирҳои зиддитерористии доиргардида дар Тоҷикистонро изҳор менамояд, – гуфта мешавад дар


иттилои


рӯзи душанбе интишоршудаи хадамоти матбуоти ин сохтори СҲШ.

«Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии СҲШ аз чорабиниҳои зиддитеррористии доиргардида аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки ба таъмини сулҳу субот дар кишвар равона гардида буданд, ҳимоят карда, ба тақвияти ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризму ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ омодагӣ изҳор мекунад», – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, нимаи ҳафтаи гузашта ВКД ва КДАМ Тоҷикистон дар бораи анҷоми амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назардода хабар доданд. Тибқи маълумоти ахир, дар ҷараёни амалиёт 27 аъзои гурӯҳи террористӣ кушта ва 130 нафари онҳо боздошт шуданд.

Қобили зикр аст, ки давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири Созмон ва Беларусу Шри-Ланка ва Туркия шарикон оид ба муколама дар Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.