Анҷоми таъмири асосии гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1

ASIA-Plus

Корҳои таъмири асосии гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба итмом расид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», пас аз анҷоми таъмири асосии нақшавӣ, гидроагрегати дуюми нерӯгоҳ муваффақона бк кор дароварда шудааст. Давомнокии умумии корҳои таъмири гидроагрегат 50 рӯзи тақвимиро ташкил додааст. Аз замони ба истифода додани нерӯгоҳ (1 июли соли 2008) агрегат беш аз […]



Корҳои таъмири асосии гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба итмом расид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», пас аз анҷоми таъмири асосии нақшавӣ, гидроагрегати дуюми нерӯгоҳ муваффақона бк кор дароварда шудааст.

Давомнокии умумии корҳои таъмири гидроагрегат 50 рӯзи тақвимиро ташкил додааст. Аз замони ба истифода додани нерӯгоҳ (1 июли соли 2008) агрегат беш аз 30,6 ҳазор соат кор карда, қариб 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Зикр мегардад, ки мавриди таъмир қарор гирифтани агрегати мазкур ба маҳсулнокии кори нерӯгоҳ тахсир нарасонида, ҳаҷми зарурии барқб о истифодаи се агрегати дигар истеҳсол шудааст.

Музаффар Солиев, муҳандиси пешбари яке аз шуъбаҳои нерӯгоҳ дар ин робита изҳор доштааст, ки муҳлати хизмати гидроагрегатҳо бидуни навсозӣ 30-40 сол буда, таъмири асосии нахустини агрегатҳои нерӯгоҳ баъди як соли мавриди истифода қарор гирифтани онҳо ва сипас ҳар як панҷ сол гузаронида мешавад. «Тъмири гирдроагрегатҳо на дар робита ба осеб дидану вайрон шудани онҳо, балки бо мақсади пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо гузаронида мешавад», – гуфтааст муҳандис.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси дақиқ ва саривақтии муҳимтарин рӯйдоди Тоҷикистон ва ҷаҳон аст ва миёни ҷомеа Тоҷикистону Осиёи Марказӣ...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.