Иштироки С.Аслов дар Иҷлоси 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 дар Ню-Йорк

ASIA-Plus

Санаи 24 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Иҷлоси 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гуруҳи 77 ва Чин иштирок кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, иҷлос таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Маите Нкоана-Машабане баргузор гардид. Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар […]



Санаи 24 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Иҷлоси 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гуруҳи 77 ва Чин иштирок кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, иҷлос таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Маите Нкоана-Машабане баргузор гардид.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилот ва чолишҳои кишварҳои тараққикунанда, ба вежа кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ дар раванди таъмини рушди устувор, аз ҷумла ба мушкилоти коҳиши камбизоатӣ, баландбардории сатҳи зиндагии мардум, коҳиши нобаробарӣ ва таъмини ниёзҳои асосии инсон, инчунин тағйирёбии иқлим ва таъсири ҷиддии он ба наслҳои оянда ҷалб кард.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Аслов инчунин аз кишварҳои узви Гурӯҳ ҷиҳати дастгирӣ аз иқдоми нави Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” даъват ба амал овард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотима вазирони корҳои хориҷӣ Декларатсияи вазирони Гурӯҳи 77-ро қабул карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ