Барои сохтмони манзил Олмон ба Тоҷикистон 8 млн. евро кумак мекунад

Ҳукумати Олмон барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони манзил» ба Тоҷикистон ба маблағи 8 млн. евро воситаҳои грантӣ ҷудо мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, созишномаи мазкур рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. «Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Олмон барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони манзил» ба Тоҷикистон ба маблағи 8 млн. евро воситаҳои грантӣ ҷудо мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, созишномаи мазкур рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

«Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар самти дастрасии қарзҳо барои беҳтар намудани шароити зист дар деҳот беҳтар карда мешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар доираи Барномаи рушди маблағгузории хурд дар деҳот марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони манзил татбиқ карда мешавад, ки барои он қаблан 8,0 млн. евро ҷудо гардида буд.

Ғайр аз ин зикр мегардад, ки ҳамин рӯз маросими имзои Шартномаи иловагӣ ба Созишномаи молиявӣ ҷиҳати барномаи мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум) ба маблағи 213,4 ҳаз. евро баргузор гардида, дар натиҷаи татбиқи ин барнома пешбинӣ мегардад, ки беморхонаҳои касалиҳои сили ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ таҷдид карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумати Олмон дар доираи Барномаи мубориза алайҳи бемории сил 19,1 млн. евро ҷудо карда буд, ки он барои такмил ва таҷҳизонидани Беморхонаи ҷумҳуриявии бемории сили «Мачитон» равона гардида, маблағҳои иловагӣ барои зиёд кардани буҷети умумӣ аз рӯи ин лоиҳа нигаронида шудааст.

Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Аврупои Ҷанубӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ (KFW) хонум Ева Витт имзо намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.